АФЗОИШИ ЗАМИНҲОИ ПАРТОВ ДАР НОҲИЯҲОИ ШАҲРИТУСУ ФАРХОР

Январь 26, 2010 10:00

                   Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки баҳри амалӣ шудани банди 99 – и Протоколи маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳолати мелиоративии заминҳои партов — (боир) дар ноҳияи Шаҳритус мавриди омӯзиш қарор ёфт.                   Санҷиши комиссияи таъсисшуда муайян кард, ки бо сабаби солҳои тӯлонӣ тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо, дуруст амалӣ нашудани корҳои соҳилмустахкамкунӣ ва корношоям гаштани пойгоҳҳои обкашӣ масоҳати заминҳои партов дар ноҳияи Шаҳритус ба 2865,89 гектар расидааст.                 — Мутаассифона ин вазъият дар заминҳои обии хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор низ ҷой дорад. Шӯршавии заминҳо дар ин ноҳия боиси хушк шудани боғҳои мевадиҳанда гардидааст.                    Ташхиси оби каналҳои ин ноҳия нишон дод, ки шӯршавии заминҳо аз меъёри муқарраршуда – 1,9 ва сулфат дар таркиби хок – 1,5 маротиба зиёд мебошад,- иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров ба мухбири АМИТ «Ховар».

Январь 26, 2010 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад