«АРГИЛИ» СӮХТ

Январь 14, 2010 11:38

                  Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Рӯзи 13 январи соли равон дар тарабхонаи «Аргили», воқеъ дар кӯчаи Бохтари ноҳияи И.Сомонии пойтахт, ки ба шаҳрванд Илҳом Юсупов тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад.                   Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, ба ҷои ҳодиса 5 адад автомашинаи оташхомӯшкунӣ баромада ба зудӣ алангаи оташро хомӯш карданд. Алангаи оташ дар масоҳати 90 метри мураббаъ паҳн шуда буд.                    Бояд қайд намуд, ки аз тарафи оташнишонон молу амволи тарабхона ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ аз нобудшавӣ нигоҳ дошта шуд. Ҳангоми аз назаргузароии маҳали сӯхтор асбобҳои гуногуни гармидиҳандаи худсозро дарёфт карда шуд. Эҳтимол меравад, ки сӯхтор аз сабаби сарборӣ дар ноқилҳои барқӣ ба амал омад.                    Сабаб ва гуноҳкор муайян карда мешавад.  

Январь 14, 2010 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд