«АРГИЛИ» СӮХТ
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Рӯзи 13 январи соли равон дар тарабхонаи «Аргили», воқеъ дар кӯчаи Бохтари ноҳияи И.Сомонии пойтахт, ки ба шаҳрванд Илҳом Юсупов тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, ба ҷои ҳодиса 5 адад автомашинаи оташхомӯшкунӣ баромада ба зудӣ алангаи оташро хомӯш карданд. Алангаи оташ дар масоҳати 90 метри мураббаъ паҳн шуда буд. Бояд қайд намуд, ки аз тарафи оташнишонон молу амволи тарабхона ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ аз нобудшавӣ нигоҳ дошта шуд. Ҳангоми аз назаргузароии маҳали сӯхтор асбобҳои гуногуни гармидиҳандаи худсозро дарёфт карда шуд. Эҳтимол меравад, ки сӯхтор аз сабаби сарборӣ дар ноқилҳои барқӣ ба амал омад. Сабаб ва гуноҳкор муайян карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






