АЗ МАНСАБИ ДАВЛАТӢ ОЗОД КАРДА ШУДАНД
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Шермуҳаммади Шоҳиён аз вазифаи Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби пешниҳод шуданаш ба номзадии вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Бо Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа Азизов Зафар Нусратович — собиқ муовини Раиси Суди Олии мамлакат таъин гардид. Ҳамчунин муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомов Азизмад, муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёев Сайфулло, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Хайринисо Юсуфӣ, Директори шабакаи телевизиони бачагонаи «Баҳористон» Низом Қосим ва муовини вазири саноат ва энергетикаи мамлакат Маҳмадшариф Ҳақдодов бинобар сабаби пешниҳод шуданашон ба номзадии вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод карда шуданд. Абдусамӣ Додобоев муовини Прокурори генералӣ ва Юсуфалӣ Муродов муовини фармондеҳи қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ низ бо фармони Сарвари давлат аз вазифа озод карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






