АЪЗОИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН ШУДАНД
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Пӯлод Қодиров ҳайати нави дастаи мунтахаби футболи мамлакатро муайян намуд. Ба дастаи мунтахаби футболи ҷумҳурӣ 21 нафар шомил гардид. Онҳо дарвозабонон Алишер Додов аз «Регар – Тадаз», Алишер Тӯйчиев аз «Металлург» — и Ӯзбекистон, муҳофизатгарон Фарҳон Восиев аз «Сатурн» — и Русия, Наим Носиров, Даврон Эргашев, Фаррух Чориев аз «Регар – Тадаз», Эраҷ Раҷабов, Руслан Таваккалов, Соҳиб Сувонқулов аз «Истиқлол», Асадулло Нуруллоев аз «Вахш», Исомиддин Қурбонов аз «Энергетик», нимҳимоятгарон Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов аз «Регар – Тадаз», Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Алишер Ӯлмасов аз «Истиқлол», ҳуҷумкунандагон Юсуф Рабиев аз «Истиқлол», Ҷомихон Муҳиддинов, Нӯъмон Ҳакимов аз «Вахш», Давронҷон Тӯхтасунов ва Комил Саидов аз «Регар — Тадаз» мебошанд. Пӯлод Қодиров ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз 16 то 27 феврал дар пойтахти Шри – Ланка — шаҳри Коломбо дар қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ширкат меварзад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






