БА ҶОИ АФЗАЛОВ ОЛИМИ ҶАВОН ТАЪИН ШУД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Дар хатми соли 2009 дар мақоми директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи академияи таҳсилоти Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ Хайрулло Афзаловро олими ҷавон Муҳаммадалӣ Афғонов иваз кард. Ин иқдоми Вазорати маорифи Ҷумҳурӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби олимони ҷавон ба корҳои роҳбарӣ ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар тадбирҳои илмию тадқиқотӣ наррасу умедбахш аст. Афғонов Муҳаммадалӣ соли таваллудаш 1970 соли 1993 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом расондааст. Хатмкардаи аспирантураи Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Номзади илмҳои педагогӣ. Муҳаққиқи ҷавон ва умедбахш буда, муаллифи рисолаи номзадии «Асосмандии назариявии ақидаҳои таҳаввулҳадафи педагогҳои тоҷик дар ислоҳот ва рушди мактаби муосир» (Душанбе, 2009), монографияи «Ҳакими маърифат» (Душанбе, 2009) китоби дарсии «Забони тоҷикӣ барои синфи 9» (Душанбе, соли 2007), Дастури методӣ ба китоби забони тоҷикӣ барои синфи 9» (Душанбе, 2008), «Маҷмӯаи машқҳо аз забони тоҷикӣ барои синфи 9» (Душанбе, соли 2009), «Айёниятҳо аз забони тоҷикӣ» (Душанбе, 2010) ва бист мақолаҳои илмию оммавӣ доир ба масъалаҳои педагогика, методика ва ислоҳоти соҳаи маориф аст. Қисме аз таълифоти дигари ӯ, аз ҷумла «Таълими забони тоҷикӣ дар синфи 9», «Маҷмӯаи диктант ва нақлҳои хаттӣ барои синфҳои 5 – 11» ва ғайра омодаи чопанд. Фаъолияти кормандони Пажӯҳишгоҳ алҳол вусъати созанда пайдо карда, нияту нақшаҳои онҳо боварибахшу ояндадор аст. Тавре дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Афғонов изҳор дошт, кормандони ин маркази илмӣ дар соли маориф ва фарҳанги техникӣ нақшаи кории мушаххасеро таҳия кардаанд. Аз ҷумла, таъсиси маркази иттилоотӣ ва китобхонаи электронӣ, базаи иттилоотӣ доир ба инноватика, озмуни «Техникони ҷавон», ташкили барномаҳои телевизионии омӯзишӣ, ва гузаронидани конфронсу семинарҳои соҳавӣ дар нақшаи корӣ мавқеи хоса доранд.