БАРНОМАИ МАРДУМИ АМРИКО БАРОИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Барномаи рушди самаранокии кишоварзӣ яке аз барномаҳои кӯмакрасони USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз номи мардуми Амрико амалӣ мегардад. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 300 млн. доллар ба татбиқи барномаҳои рушди иқтисодӣ, бунёди институтҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона кардаанд, — иброз дошт муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовуддин Исроилов ба мухбири АМИТ «Ховар». С. Исроилов ҳамчунин самаранокии Барномаи рушди кишоварзии USAID – ро бо хоҳиши хабарнигори АМИТ «Ховар» шарҳ дода гуфт, ки Барноиаи USAID дар ҳамкорӣ бо ҷомеаҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои молиявӣ деҳқононро бо омӯзиш, тухмӣ, нуриҳои менералӣ ва дигар воситаҳои кишоварзӣ таъмин менамояд. Барномаи мазкур, ҳамчунин маблағгузорӣ ва дигар намудҳои дастгириро, ки барои ноил гаштан ба мақсадҳои лоиҳа, яъне ба 25 фоиз баланд бардоштани даромаднокии деҳқонон зарур мебошанд, таъмин менамояд. Барномаи рушди самаранокии кишоварзии USAID аз ҷониби созмонҳои ACD/ VOCA, Иттиҳоди рушди иқтисодии менонитҳо (MEDA), Маркази байналмиллалии инкишофи нуриҳо (IFDC) ва (E — NOETEC) – Консалтинг амалӣ карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






