БАРНОМАИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ РАСМАН ИФТИТОҲ ШУД

Январь 22, 2010 09:58

                   Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ маросими ба таври расмӣ ифтитоҳ намудани Барномаи рушди самаранокии кишоварзии USAID дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардонов, ҷонишини сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Ниша Квост, ҷонишини вазири кишоварзӣ Сиҷовуддин Исроилов ва мудири минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба тараққиёти байналмилалӣ (USAID) дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Эндро Сиссон ширкат варзиданд. — лоиҳаи USAID деҳқононро дастгирӣ мекунад, то онҳо тавонанд ҳосилхезӣ ва самаранокии заминҳоро баланд бардошта, робитаҳои худро ба бозорҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мустаҳкам кунанд, зеро ҳар дуюмин шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳисоби кишоварзӣ рӯзии худро пайдо мекунад,- иброз дошт ҷонишини сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Ниша Квост.                      Тӯли 5 соли оянда лоиҳаи мазкур бо маблағи 9,7 млн. доллари амрикоӣ баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар минтақаи вилояти Суғд, қисмати ғарбии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофии шаҳри Душанбе амалӣ мегардад. Лоиҳа ба ривоҷи панҷ намуди маҳсулот: зардолу, лимӯ, пиёз, помидор ва полезиҳо равона карда мешавад.   

Январь 22, 2010 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад