БАРНОМАИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ РАСМАН ИФТИТОҲ ШУД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ маросими ба таври расмӣ ифтитоҳ намудани Барномаи рушди самаранокии кишоварзии USAID дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардонов, ҷонишини сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Ниша Квост, ҷонишини вазири кишоварзӣ Сиҷовуддин Исроилов ва мудири минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба тараққиёти байналмилалӣ (USAID) дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Эндро Сиссон ширкат варзиданд. — лоиҳаи USAID деҳқононро дастгирӣ мекунад, то онҳо тавонанд ҳосилхезӣ ва самаранокии заминҳоро баланд бардошта, робитаҳои худро ба бозорҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мустаҳкам кунанд, зеро ҳар дуюмин шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳисоби кишоварзӣ рӯзии худро пайдо мекунад,- иброз дошт ҷонишини сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Ниша Квост. Тӯли 5 соли оянда лоиҳаи мазкур бо маблағи 9,7 млн. доллари амрикоӣ баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар минтақаи вилояти Суғд, қисмати ғарбии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофии шаҳри Душанбе амалӣ мегардад. Лоиҳа ба ривоҷи панҷ намуди маҳсулот: зардолу, лимӯ, пиёз, помидор ва полезиҳо равона карда мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






