ЧАНД САЙЁҲ БА ТАМОШОИ ТОҶИКИСТОН ОМАД?
Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар 9 моҳи соли 2009 беш аз 11 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо ёдгориҳои беназири таърихӣ ва мавзеҳои зебоманзари кишварамон ошно гардиданд. Теъдоди бештари сайёҳони хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, аслан шаҳрвандони Русия, Чин, Эрон, Амрико, Фаронса, Олмон, Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев, ки масъули бахши туризм аст, иттилоъ дод. Дар маҷмӯъ дар соли сипаригардида аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 270 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки намояндагони 60 кишвари дунё мебошанд, бо мақсадҳои гуногун боздид намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






