ДАРГУЗАШТИ МУАЛЛИФИ «МАЪВОИ РОҒУН»
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Оҳангсози маъруфи тоҷик Фаттоҳ Одина 2 январи соли равон дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт ва дар шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маросими ҷанозаи оҳангсози маъруф раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов, адибон Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ ва дигарон иштирок ва дар бораи нақши Фаттоҳ Одина дар рушди санъати мусиқии миллӣ ёдовар шуданд. Гуфтанист, ки дар асарҳои Ф. Одина мавзӯъҳои Ватан, муҳаббат ба инсон, ишқи пок, васфи табиат ва арзишҳои умумибашарӣ тараннум ёфта, исми ӯ дар таърихи санъати мусиқии тоҷик бо даҳҳо оҳанг, мусиқӣ барои хор ва фортепиано, асарҳои камеравӣ ва симфонӣ, вокалӣ, оркестри созҳои мардумиву эстрадӣ ва мусиқиҳои дилнишин барои филмҳо боқӣ хоҳад монд. Фаттоҳ Одина (Абдулфаттоҳ Одинаев) 22-юми июли соли 1938 дар Кангурт таваллуд шуда, соли 1957 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, соли 1962 Консерваторияи давлатии ба номи Чайковский ва соли 1966 аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории бо номи Гнесинро дар Ленинград хатм кардааст. Солҳои 1971-1978 ба сифати роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият карда, инчунин мудирияти кафедраи факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Душанберо бар дӯш доштааст. Операи аввалини оҳангсози марҳум бо номи «Парасту» дар соли 1966 аз рӯи достони шоира Жола офарида шуда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта мешавад. Достони «Аҳурамаздо» ва операи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо» аз асарҳои маъруфи ӯ мебошанд. Инчунин, сурудҳои «Ватанро месароям», «Иқболи баланд», «Бақои дустӣ», «Ману дарё», «Тоҷикистон», Арӯси 18-сола», «Аспи саманд», «Маъвои Роғун», «Садбарги сафед» ва «Аскарбача» аз пурмаҳсултарин офаридаҳои Ф. Одина ҳастанд. Фаттоҳ Одина Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театри ҶТ, дорандаи лауреати мукофоти ба номи А.В. Александров ва Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ мебошад.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






