ФАЪОЛИЯТИ 55 КОРХОНА БОЗДОШТА ШУД

Январь 15, 2010 16:29

                  Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 15 январ дар Маркази ҷумҳуриявии матбуот нишасти матбуотии роҳбарияти Раёсати умумии назорати давлатии таъмини бехатарии корҳо дар саноат ва кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти раёсат дар соли 2009 ҷамъбаст карда шуданд.                    Ба саволҳои хабарнигорон муовини аввали сардори раёсат Сиҷоуддин Мирзоев ҷавоб дод.                     Вай зикр кард, ки дар Раёсати умумӣ 1567 корхона ва 15 ҳазору 565 иншооти гуногун ба қайд гирифта шудааст. Соли гузашта аз ҷониби 8 комиссияи давлатӣ ва 3 комиссияи минтақавӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон 953 тафтиши техникӣ гузаронида шуд. Инчунин тибқи нақша 64 тафтиши умумӣ, 258 тафтиши мақсаднок ва 631 тафтиши таъҷилӣ анҷом ёфтанд. Дар натиҷаи тафтишҳои гузаронидашуда роҳбарони корхонаю муассисаҳо дар бобати бартараф сохтани камбудиҳои ошкоршуда огоҳ карда шуданд. Дар ин муддат ба 55 роҳбари корхона барои иҷро накардани талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ огоҳ карда, фаъолияти корхонаҳои онҳо то мӯҳлати бартараф сохтани камбудиҳо боздошта шуд. Ҷамъиятҳои саҳҳомии «Сафарӣ» — и шаҳри Сарбанд, «ЛТД Сафар», «Сомон – сангрез», «Тоҷиксемент», Боғи фарҳангу фароғати кӯли «Ҷавонон» — и шаҳри Душанбе, Боғи «Дӯстии халқҳо» — и ноҳияи Фирдавсӣ, Ҷамъияти саҳҳомии «Миррих» — и ноҳияи Ҳисор, Ҷамъияти саҳҳомии «Ангишт», депои локомотивҳои шаҳри Сарбанд ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.                    С.Мирзоев таъкид кард, ки ин корхонаҳо фаъолияташонро танҳо баъди бартараф сохтани камбудиҳои ошкоршуда давом дода метавонанд. Соли гузашта 51 нафар корманди масъули корхонаҳо барои иҷро накардани талаботи қоидаҳои таъмини бехатарӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Ба онҳо ба маблағи 7690 сомонӣ ҷарима андохта шуд.                    Мутахассисони раёсат соли гузашта дар корхонаҳо ва муассисаҳо 145 машварат гузаронида, 89 маърӯза хонданд, гуфт дар хотима С.Мирзоев.

Январь 15, 2010 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд