ФАВТИ МОДАРОН КАМ МЕГАРДАД

Январь 15, 2010 13:42

                   Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Нишондоди фавти модарон дар соли 2009 ба 34, 2 нисбати 100 000 зиндатаваллуд баробар шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2008 ин нишондиҳанда ба 38,8 баробар буда, ки нисбатан паст гаштааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд.                     Бо мақсади пурқувват намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои табобатии кӯдакона ва таваллудхонаҳо ва истифодаи самараноки таҷҳизотҳои тиббӣ, бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ ва Хазинаи аҳолии СММ ин муассисаҳо ба маблағи зиёда аз 3 миллион доллари ИМА таъмин гардидаанд.                       Боиси қайд аст, ки аз 69 муассисаҳои тиббие, ки ба модарон ва кӯдакон хизмати тиббӣ мерасонанд, 47-тои онҳо, ки 61,1%-ро ташкил медиҳад, дорои сертификати умумиҷаҳонии «Беморхонахои муносибати некбинона ба атфол» буда, дар боқимонда муассисаҳо воридсозии тавсияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба навзодон идома дорад.  

Январь 15, 2010 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд