ГУСТАРИШИ РАВОБИТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН

Январь 26, 2010 12:15

                  Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳамкориҳои судманд ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати донишҷўён ва устодон бо муассисаҳои фарҳангии як чанд кишвар, аз қабили Қирғизистон, Қазоқистон, Россия, Ўзбекистон, Олмон ҳамкориро ба роҳ монда, бо Консерваторияи ба номи П.И.Чайковский ва Академияи мусиқии Россия ба номи Гнесинҳо, Консерваторияи Урал ба номи Мусоргский, Консерваторияи давлатии шаҳри Екатеринбург, Академияи мусиқии Боку ба номи Узен Гаджибейлӣ, Мактаби олии халқии фарҳанг ва санъати шаҳри Вангени Олмон шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст.                     Дар Вазорати фарҳанг ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010» имрӯз дар макотиби олии ҷумҳуриҳои Россия, Украина, Қазоқистон ва Эрон 76 нафар донишҷў аз рўйи 27 ихтисос таҳсил мекунанд. Аз ин шумора 23 нафарашон дар соли 2009 сафарбар шудаанд.                     Мавриди ёдоварист, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 94 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат амал мекунанд, ки дар онҳо ҳудуди 14 ҳазор донишҷў таҳсил намуда, ба онҳо 2 ҳазору 500 устодони варзидаи соҳаи фарҳанг ва санъат таълим медиҳанд.

Январь 26, 2010 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд