ХЕШИ НАЗДИКИ САДДОМ ҲУСЕЙН БА ҚАТЛ РАСОНИДА ШУД

Январь 26, 2010 10:11

                 Қоҳира, 26 январ. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). — Дар Ироқ хеши наздики Президенти собиқи мамлакат Саддом Ҳусейн Алӣ Ҳасан Алмаҷид ба қатл расонида шуд, ки дар байни мардум бо номи «Алии кимёгар» машҳур буд. Дар ин бора телевизиони давлатии Ироқ хабар дод.                      Алмаҷид 17 январ барои иштирокаш дар амалиёти низомӣ ба муқобили сокинони курди шаҳри Ҳалобҷа дар соли 1988 ба қатл маҳкум карда шуд. Хабар дода мешавад, ки ҳамон сол қисмҳои ҳарбии Ироқ дар болои шаҳр гази заҳрнок сар доданд. Дар натиҷа қариб 5 ҳазор нафар, асосан занон ва бачагон ҳалок шуданд. Нисбати Алмаҷид умуман 4 ҳукми қатл бароварда шудааст. Ӯро инчунин ба куштори оммавии шиаҳо дар бағдод дар соли 1999 гунаҳкор менамоянд. Алмаҷид барои пахши бераҳмонаи шӯриши шиаҳо дар соли 1991 ба ҳукми қатл маҳкум шуда буд. Бар асари чунин ҷазодиҳиҳо дар шаҳрҳои Карбало, Наҷаф ва ғайра қариб 100 ҳазор кас кушта шуда буд.                    Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки дирӯз дар Бағдод баъди чанд лаҳзаи ба қатл расонидани Алмаҷид якбора якчанд таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи онҳо камаш 37 кас ҳалок шуда, бештар аз 100 нафар маҷрӯҳ гардид. 

Январь 26, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд