ИФТИТОҲИ ОЛИМПИАДА
Хоруғ, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Рӯзи 13 моҳи январ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншоҳ Назаршоев олимпиадаи фаннии хонандагони макотиби вилоят аз рӯи фанҳои дақиқ ифтитоҳ гардид. Олимпиада аз рӯи фанҳои риёзӣ, кимиё, технологияи информатсионӣ, биология ва физика мегузарад. Тавре садри Раёсати маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев иттилоъ дод олимпиадаи фаннии мактаббачагон яке аз чорабиниҳои хеле муҳим, яке аз мусобиқаҳои пурмасъулияти илмиест, ки тавассути он аз дараҷаи дониши фарзандони худ, дараҷаи дониши омӯзгорон огоҳӣ пайдо мекунем ва агар имрӯз беҳтарин фарзандонро аз байн интихоб кунем ин барои мо имкон медиҳад, ки дар сатҳи Ҷумҳурӣ соҳиби ному мақоми боз ҳам баландтар гардем. Соли гузашта вилоят дар сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиби 14 медал ва 6 нафар сазовори ҷойи 4-ум шуданд, ки ин натиҷаи беҳтарин буд. Боварӣ дорем, ки хонандагони мактабҳои Бадахшон соҳиби ҷойҳои намоён мешаванд ва бо ҳамин соли 2010- соли маориф ва фарҳанги техникиро бо дастовезҳо истиқбол мекунем.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






