ИН ТАВР ҲАМ МЕШУДААСТ?!
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар» Акрам Ҳаитов) — Майори милиса, муовини сардори шӯъбаи тафтишотии ШКД ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров Сафаров Манучеҳр Ниёзович барои ҷавобгарии ҷиноятии шаҳрванд «А» -ро сабук кардан, аз бародари айбдоршаванда бо роҳи тамаъҷӯӣ ба сифати пора 3000 доллари ИМА талаб карда мегирад. Ҳамчунин, ин муфаттиши «хайрхоҳ» барои автомашинаи шаҳрванд «А» -ро ба ҳабс нагузоштан аз ӯ 500 доллари ИМА-ро низ ҳамчун пора мегирад. Аммо, баъд аз чанд муддат парвандаи ҷиноятӣ аз ихтиёри Сафаров М.Н. ба истеҳсоли муфаттиши вилоятӣ дода мешавад. Сафаров Манучеҳр маблағҳои қаблан ба сифати пора гирифтаашро боз гардонида ба айбдоршаванада медиҳад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия иттилоъ доданд, ҳамаи ҳолатҳои дар боло зикршуда, давра ба давра аз ҷониби кормандони фаврии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд мавриди тадқиқ қарор мегирад ва Сафаров М.Н. дар рӯзи баргардонидани маблағҳои гирифтааш, боздошт карда мешавад. Нисбати Сафаров М. аз тарафи Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд бо моддаи 319 қ.4 парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, айни ҳол он барои баррасӣ ба суд равона шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






