ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА СОЛ ТО СОЛ ЗИЁД МЕШАВАД
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ натиҷаи фаъолият ва рушди ғаллакориро дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва аҳолӣ дар давоми се соли охир – 2007 – 2009 ҷамъбаст намуданд. Ҷамъбасти сесола нишон дод, ки истехсоли ғалла дар давраи солҳои 2007 – 2008 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ — деҳқонӣ (фермерӣ) ба андозаи 7 ҳазор тонна ва дар давраи солҳои 2008 – 2009 аз ҳисоби кам кардани заминҳои пахта ва зиёд намудани заминҳои обӣ истеҳсоли ғалладона, аз ҷумла гандум 232 ҳазор тонна зиёд гардид. Истеҳсоли ғалла дар заминҳои «президентӣ» ва наздиҳавлигӣ аз 434 ҳазору 571 тоннаи дар соли 2007 ба даст овардашуда, дар соли 2008 ба 439 ҳазору 385 ва дар соли 2009 ба 454 ҳазору 514 тонна расонида шудааст, ки ин дар таърихи давлатдории тоҷикон баландтарин ҳосили ғалла мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






