ИТТИҲОДИ АВРУПО ҲАМКОРИАШРО БО ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД
Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо зимни мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Убайдулло Давлатов бо намояндаи махсуси Итттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Морел дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Убайдулло Давлатов ҳайати Иттиҳоди Аврупоро бо фаъолияти палатаи поёнии парлумони мамлакат ва таҳияи қабулу қонунҳо тавассути ин мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ ва робитаи зич дорад. Сафарҳои анҷомдодаи вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба як қатор кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва боздиди онҳо аз парлумонҳои ин давлатҳо нишони возеҳи ҳамкории қавӣ доштани парлумони Тоҷикистон бо парлумонҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо аст. Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо Пйер Морел гуфт, ки ҳадафи сафари ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон тақвияти ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Иттиҳоди Аврупо аст. Ҳамзамон, мусоҳибон масъалаи баргузории интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон, ки 28 феврали соли 2010 доир мешавад, баррасӣ карданд.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






