ИТТИҲОДИ АВРУПО ҲАМКОРИАШРО БО ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Январь 15, 2010 11:09

                    Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо зимни мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Убайдулло Давлатов бо намояндаи махсуси Итттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Морел дар Душанбе баррасӣ гардиданд.                   Убайдулло Давлатов ҳайати Иттиҳоди Аврупоро бо фаъолияти палатаи поёнии парлумони мамлакат ва таҳияи қабулу қонунҳо тавассути ин мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ ва робитаи зич дорад. Сафарҳои анҷомдодаи вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба як қатор кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва боздиди онҳо аз парлумонҳои ин давлатҳо нишони возеҳи ҳамкории қавӣ доштани парлумони Тоҷикистон бо парлумонҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо аст.                    Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо Пйер Морел гуфт, ки ҳадафи сафари ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон тақвияти ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Иттиҳоди Аврупо аст.                   Ҳамзамон, мусоҳибон масъалаи баргузории интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон, ки 28 феврали соли 2010 доир мешавад, баррасӣ карданд.

Январь 15, 2010 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар