КӮМАКИ 11-ҲАЗОРАИ «ПАЙКОН» БА «РОҒУН»
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — 13-уми январи соли 2010 аз ҷониби кормандони Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ ба сохтмончиёни НБО-и «Роғун» 11 ҳазор нусха ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» ройгон тақдим гардид. Ба гуфтаи ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» Фазлиддин Асозода ин кӯмаки ночизи онҳо, ки иборат аз нусхаҳои 44 шумораи нашрия будааст, аз ҷониби сохтмончиён хуб пазируфта шуд. Ҳамзамон, ӯ ба сардори Раёсати корҳои ҶСК НБО-и «Роғун» Гурез Боев аз номи кормандони нашрия миннатдорӣ баён намуда, гуфт: «Агар мӯҳтарам Гурез Боев намебуд, шояд барои расонидани нусхаҳои ҳафтанома ба сохтмончиён мушкил пеш меомад, зеро барои вуруди мошинҳои шахсӣ ба НБО «Роғун» иҷозат намедоданд. Бо мусоидати ӯ тавонистем кӯмаки маънавии худро ба заҳматкашон расонем». Аҳамияти чунин як амалро Фазлиддин Асозода шарҳ дода, меафзояд: «имрӯз ҳама барои сохтмони нерӯгоҳ талоши кӯмак кардан доранд, мо низ тасмим гирифтем ба кормандони ин иншооти аср ёрии маънавӣ расонем, то онҳо аз рӯйдоди муҳими ҷомеа огаҳ бошанд. Ҳафтаномаи «Пайкон» тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта барои сохтмончиёни НБО-и «Роғун» шумораҳои нашрияро ройгон ирсол намояд, то кормандони он тавонанд дар лаҳзаҳои фориғ аз кор мутолиа кунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






