КӮМАКИ 11-ҲАЗОРАИ «ПАЙКОН» БА «РОҒУН»

Январь 14, 2010 15:46

                   Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — 13-уми январи соли 2010 аз ҷониби кормандони Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ ба сохтмончиёни НБО-и «Роғун» 11 ҳазор нусха ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон» ройгон тақдим гардид.                     Ба гуфтаи ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» Фазлиддин Асозода ин кӯмаки ночизи онҳо, ки иборат аз нусхаҳои 44 шумораи нашрия будааст, аз ҷониби сохтмончиён хуб пазируфта шуд. Ҳамзамон, ӯ ба сардори Раёсати корҳои ҶСК НБО-и «Роғун» Гурез Боев аз номи кормандони нашрия миннатдорӣ баён намуда, гуфт: «Агар мӯҳтарам Гурез Боев намебуд, шояд барои расонидани нусхаҳои ҳафтанома ба сохтмончиён мушкил пеш меомад, зеро барои вуруди мошинҳои шахсӣ ба НБО «Роғун» иҷозат намедоданд. Бо мусоидати ӯ тавонистем кӯмаки маънавии худро ба заҳматкашон расонем».                      Аҳамияти чунин як амалро Фазлиддин Асозода шарҳ дода, меафзояд: «имрӯз ҳама барои сохтмони нерӯгоҳ талоши кӯмак кардан доранд, мо низ тасмим гирифтем ба кормандони ин иншооти аср ёрии маънавӣ расонем, то онҳо аз рӯйдоди муҳими ҷомеа огаҳ бошанд.                          Ҳафтаномаи «Пайкон» тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта барои сохтмончиёни НБО-и «Роғун» шумораҳои нашрияро ройгон ирсол намояд, то кормандони он тавонанд дар лаҳзаҳои фориғ аз кор мутолиа кунанд.  

Январь 14, 2010 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид