КӮМАКИ ҶОПОН БА МАЪЮБОНИ ТОҶИКИСТОН

Январь 14, 2010 11:45

                  Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Ҳукумати Ҷопон ба воситаи Анҷумани кӯмаку дастгирии мамлакат дар бораи ҷудо кардани маблағ барои расондани кӯмак ба маъюбони Тоҷикистон қарор қабул намуд.                     Бо ин мақсад 180 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шуд, ки ҳамроҳи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти саломатӣ ва солимгардонии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Маросими имзои созишнома дар бораи расонидани кӯмак 15 январ баргузор мегардад.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо маблағи ҷудокардашуда барои Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти саломатӣ ва солимгардонии маъюбони Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ харида, боми он ба куллӣ тармим карда ва барои кормандони соҳаи тиб машғулиятҳои амалӣ гузаронида хоҳанд шуд.

Январь 14, 2010 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд