КӮМАКИ ҶОПОН БА МАЪЮБОНИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Ҳукумати Ҷопон ба воситаи Анҷумани кӯмаку дастгирии мамлакат дар бораи ҷудо кардани маблағ барои расондани кӯмак ба маъюбони Тоҷикистон қарор қабул намуд. Бо ин мақсад 180 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шуд, ки ҳамроҳи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти саломатӣ ва солимгардонии маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Маросими имзои созишнома дар бораи расонидани кӯмак 15 январ баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо маблағи ҷудокардашуда барои Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти саломатӣ ва солимгардонии маъюбони Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ харида, боми он ба куллӣ тармим карда ва барои кормандони соҳаи тиб машғулиятҳои амалӣ гузаронида хоҳанд шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






