КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ТАЙЁР НЕСТ

Январь 27, 2010 11:38

                   Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки дирӯз доир ба фаъолияти солонаи Кумитаи ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ доир гардид, раиси кумитаи мазкур геерал — майор Ҳайбулло Латипов аз омодагии кормандони соҳа ҳарф зада, иброз дошт, ки бар асари рух додани офати табиӣ, 45 нафар ва дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ 96 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин бар асари ҳодисаҳои табиӣ, аз ҷумла заминҷунбӣ дар ҷумҳурӣ 2543 хонаҳои истикоматӣ хароб гардиданд, ки маблағи зарари онҳо 16 миллиону 194 ҳазор сомонӣ муайян карда шудааст. Аз заминларза 500 манзили зист пурра хароб гардидааст, аммо то имрӯз чӣ қадар хона барқарор карда шудааст, иттилоъ дода нашуд.                    Аз чӣ бошад, ки раис дар баромади худ аз заминларзаи дар ноҳияи Ванҷ рухдода ёдрас (агар саволҳо намешуд) нашуд ва шояд ин ба он хотир, ки бар асари заминларза талафоти ҷонӣ нашуда буд, вале бесарпаноҳ мондани 1019 оила ҳам раисро ба шигифт наовард, ки боиси тааҷҷуб аст.                     Ҷунбиши замин ҳамоно давом дорад ва барои зарардидагон дар деҳаи Панҷшанбеобод сохтани шаҳраки нав ба нақша гирифта шудааст. Ин мавзеъ дар 15 километрии маркази заминларза ҷойгир аст. Соли дуюм аст, ки замин дар ин мавзеъ беист меҷунбад ва аз ҷониби мутахассисони соҳа хулосаи пурраи геодезӣ — илмӣ дода нашудааст. Ин аст, ки чанд оила зиндагӣ карданро дар мавзеи офатзада раво надониста, роҳи Душанберо пеш гирифтанд, ки ин амали онҳо аз надоштани иттилооти дуруст дар бораи ҷунбиши замини ин мавзеъ ва то кадом дараҷа хавфнок будан ё набудани онро барои зиндагӣ кардан дар оянда, дарак медиҳад.                       Ёдовар мешавем, ки бар асари заминларза дар таърихи 2 – юми январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ 1019 манзили зист пурра ва ё қисман хароб гардиданд. То 14 – уми январ 583 нафар зарардидагони бесарпаноҳ муваққатан дар хонаҳои хешу табор ҷойгир шуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ зарардидагонро бо 50 хаймаи зимистона таъмин карда тавонистанд.                         Ҷамъияти ҳамкории техники Олмон (G TZ) ба маҳалли зилзила 486 хайма, 419 кампали гарм ва барои кӯдакону калонсолон 1000 ҷуфт ҷӯроби зимистона кӯмак расонид. Аз ин мебарояд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои ёрии саривақтӣ ба зарардидагон омода нест.  

Январь 27, 2010 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд