ЛАБАРАТОРИЯИ НАВИ «ТОҶИКСТАНДАРТ»
Кӯлоб, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Таи солҳои охир ба фурӯш баровардани маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ дар бозорҳои кишвар норозигии истеъмолкунандагонро ба миён овардааст. Бо мақсади рафъи ин камбудиҳо ва ба танзим даровардани бозори истеъмолӣ Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» чораҳои мушаххас меандешад. Давоми соли 2009 аз рӯи нақша кормандони агентӣ дар бозорҳои калонтарини ҶТ озмоишгоҳҳои ташхисӣ ташкил намуда, онҳоро бо химикат ва таҷҳизоти муосири муоинавӣ таъмин карданд. Чунин як озмоишгоҳ бо маблағгузории Агентии Давлатии «Тоҷикстандарт» ва раёсати «Тоҷикматлубот» дар бозори «Саховат» — и ш. Кӯлоб кушода шуд. Бояд қайд намуд, ки дар ташкил ва таҷҳизонидани озмоишгоҳ беш аз 50 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Дар озмоишгоҳ барои ташхис беҳтарин мутахассисони соҳа ҷалб гардида, имкон доранд бо истифода аз таҷҳизоти муосир тамоми номгӯи маҳсулоти хӯроквории дар бозор ба фурӯш баровардашавандаро муоина намоянд. Бино бар иттилои кормандони раёсати стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи минтақаи Кӯлоб дар рӯзҳои наздик дар назди лаборатория боз як утоқи ташхиси дигар кушода шуда, муҷаҳҳазонида мешавад ва минбаъд имкон фароҳам меояд, ки на танҳо маҳсулоти хӯроквории бозори «Саховат» инчунин маҳсулоти ба фурӯш баровардаи кулли марказҳои савдо ва дигар бозорҳои шаҳру ноҳияи Кӯлоб аз санҷиш гузаронида шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






