М. АҲМАДИНАЖОД БА ДУШАНБЕ ОМАД

Январь 4, 2010 10:25

                   04 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Маросими истиқболи расмии сарвари давлати ба мо дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрон дар назди Қасри Миллат баргузор гардид.                   Меҳмони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.                   Маросими истиқболи расмӣ тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштани сарони давлатҳо аз назди ҷузъутомҳои горди фахрӣ, арзи салом ба горди фахрӣ ва эҳтиром овардан ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон сурат гирифт.                  Дар охири маросими истиқболи расмӣ Сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.                   Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо расми гузашти низомии ҷузъутомҳои горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба поён расид.                   Масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон нахуст дар мулоқоти хосса ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат баррасӣ мегардад.                    Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ ҳамчунин ба имзо расидани як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Январь 4, 2010 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст