М. БОЛТУЕВ: «ДАР ТОҶИКИСТОН ФАЗОИ МУСОИДИ ИНТИХОБОТӢ МУҲАЙЁСТ»
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорад. Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар кадом сатҳ аст? Ба ин ва дигар саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев чунин посух гуфт: Дар асоси Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи 28 феврали соли 2010-ум таъин гардид. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин вақт 5 ҷаласаи худро гузаронд. Дар ин ҷаласаҳо беш аз 40 масъала баррасӣ ва қабул гардиданд. Баъзе ҳуҷҷатҳое, ки барои омодагӣ ва гузаронидани интихобот лозим меояд ҳамаи онҳо аз ҷониби комиссия тасдиқ карда шуда, ба ҳавзаҳо ба участкаҳои интихоботӣ фиристонида шуданд. Дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи интихоботӣ ва 1 ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда шудааст. То имрӯз 8 ҳизби сиёсӣ дар анҷуманҳои худ номзадҳояшонро ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд, ки теъдоди онҳо 109 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҷаласаи охирини Комиссия аз номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ 73 нафарашон ба қайд гирифта шуданд. Ба онҳо шаҳодатнома дода шуд. Ба шахсони боэътимоди номзадҳо, ки ҳар номзад дорои 5 нафар шахси боэътимод аст, низ шаҳодатнома супорида шуд. Давраи таблиғотии номзадҳо дар ҷумҳурӣ шурӯъ гардид. Бигӯед, ки он чӣ гуна ҷараён мегирад? Аз 19-уми январ дар ҷумҳурӣ маъракаи таблиғотии номзадҳо оғоз гардид. Номзадҳо метавонанд рафта дар маҳалҳо дар ҷойҳо бо мардум бо интихобкунандагон вохӯрию мулоқот намоянд. Инчунин, тавассути телевизионҳои давлатӣ ба номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ 30 дақиқа, ба номзади ҳавзаи якмандатӣ, номзадҳои худпешбарӣ 15 дақиқа ба таври ройгон вақт дода шудааст. Инчунин, номзадҳо метавонанд дар ҳаҷми 8 саҳифаи чопи компютерӣ дар саҳифаи нашрияҳои ҳукуматӣ дар бораи барномаи пешазинтихоботиашон, тарҷумаи ҳолашон мавод чоп намоянд. То ин вақт дар 41 ҳавзаи 1 мандатӣ 180 нафар номзад пешбарӣ шудаанд. Пешбарии номзадҳо аз 30 декабр оғоз гардид ва 14 январ ба анҷом расид. Дар маъракаи пешбарӣ қариб сад нафар ба қайд гирифта шудаанд. Барои ба қайд гирифтани онҳо ҳуҷҷатҳои зиёде лозим аст. Дар Комиссияҳои ҳавзавӣ ҳуҷҷатҳояшонро дида мебароянд. 500 имзо ҷамъ мекунанд, имзоҳоро дуруст ва нодуруст буданашро дида баромадан лозим. Гарави интихоботӣ ба миқдори 7 ҳазор сомонӣ номзад оварда дар Амонатбонк месупорад ва варақа гирифта, дар делояш мегузорад, барои ҳамин мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо аз 20 январ то 8 феврал давом мекунад. Баъдан ҳавза ба номзадҳо шаҳодатнома навишта медиҳад. Инчнуин, барои 5 нафар одамони боэътимоди номзадҳо шаҳодатнома дода мешаванд. Баъдан номзадҳо рафта дар ҳавзаҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ менамоянд. Инчунин, метавонанд дар телевизон эълону роликҳои барномаи пешазинтихоботии худро пахш созанд. Агар Росияро гирем номзад барои истифодаи 5 дақиқа вақти эфирӣ 160 000 рубли русӣ месупорад. Дар Тоҷикистон ин масъала ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Баъзе вақтҳо эфир холӣ мемонад. Баъзе аз номзадҳо дар дигар ҷойҳо рафта, арзу шикоят мекунанд, ки ба мо вақт надоданд. Имкониятҳоро маҳдуд сохтанд ва ғайра. Бо мақсади баробарҳуқуқии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ плакатҳои иттилоотии ҳар як номзад ба вакилӣ набояд аз варақи ҳаҷмаш А3 зиёд бошад. Инчунин, дар плакати иттилоотии ҳар як номзад маълумот дар бораи тарҷумаи ҳолаш, сурати ҳаҷмаш 9Х12 ва барномаи пешазинтихоботии номзад сабт карда мешавад. Дар ҷумҳурӣ теъдоди участкаҳои интихоботӣ чӣ қадар аст? Дар миқёси ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ се ҳазору сад адад участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шудааст. Ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистонро чӣ қадар нозирони байналмилалӣ мушоҳида менамоянд? Беш аз 400 нафар нозирони байналмилалӣ ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон мушоҳида мекунанд. Аллакай ҳайати 24 нафараи нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо рӯзи 19 январ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин нозирон ба қайд гирифта шуданд. Ба онҳо шаҳодатнома супорида шуд. Инчунин, як чанд ҳуҷҷатҳое, ки ба нозирон лозим аст ба онҳо дастрас намудем. Онҳо алҳол ба ҳавзаю участкаҳои интихоботии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафар карда, бо интихобкунандагон, номзадҳо ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии кишвар вохӯрию мулоқот доранд. Инчунин, САҲА 150 нафар нозири худро ба таври кӯтоҳмуддат дар мӯҳлати се рӯз мондан то ба интихобот ба Тоҷикистон мефиристад. Ҳамзамон, аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 120 нафар нозир ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон мушоҳида менамоянд. 6 нафари онҳо дар назар аст, ки рӯзи 25 январ ба Душанбе ташриф оранд ва дар «Кохи ваҳадт» ҷой мегиранд. Онҳо то 2 март дар ин ҷо кор мебаранд. Инчунин, аз Созмони Ҳамкории Шанхай 40 нафар нозир меояд. Ҳамчунин, аз созмонҳои ҷамъиятии яҳудиҳои Амрико ва Канада ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб пешниҳод намудаанд, ки то дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамчун нозир иштирок намоянд. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ дар ин масъала розигӣ додаст. Теъдоди нозирони миллӣ чӣ қадар аст? Шумораи нозирони миллӣ ё маҳаллӣ 30 ҳазор нафар аст. Мисол, дар миқёси ҷумҳурӣ се ҳазор участка мавҷуд аст 8 ҳизби сиёсӣ як намояндагӣ худро ба ин участкаҳо фиристад худаш 24 ҳазор мешавад. Боз аз якмандатиҳо дар маҷмӯъ нозирони миллӣ 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мирзоалӣ Болутевич, тафовути баргузории интихоботи парлумонии соли 2010 аз интихоботи солҳои қаблӣ дар чист? Албатта, дар муддати 5 соли сипаришуда, яъне аз интихобот то интихобот дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Дар ин муддат сатҳи ҷаҳонбиниии сиёсӣ ва маърифатнокии ҷомеа боло рафт. Дараҷаи иттилоотрасонӣ ба мардум васеъ гардид. Дар ҷумҳурӣ беш аз сад нашрия ҳар ҳафта чоп мешавад. Чандин шабакаҳои телевизонӣ ба фаъолият шурӯъ карданд, дастрасӣ ба шабакаи Интернет, ки бевосита ҷиҳати расонидани иттилооти фаврӣ ба мардум мусоидат менамоянд, васеъ гардидааст. Дар интихоботи парлумонии соли 2005 –ум 139 номзад пешбарӣ шуда буданд, ки он вақт гарави интихоботӣ 4 ҳазор сомонӣ буд. Дар интихоботи соли 2010-ум бошад гаравпулӣ афзуда, 182 номзад пешбарӣ гардидааст, ин раванд низ шаҳодати пешравӣ ва дигаргунӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст ва байни баргузории интихоботҳо тафовутҳо зиёд аст. Аз он номзадҳои пешниҳодгардида чанд фоизашонро бонувон ташкил медиҳанд? Аз 180 нафар номзаде, ки пешниҳод гардиданд, 22 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Ин раванд аз фаъолшавии бонувони тоҷик дар ҷомеаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Теъдоди интихобкунандагон дар ҷумҳурӣ чӣ қадар аст? Шумораи райъдиҳандагон 3 миллиону 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мирзоалӣ Болтуевич, то чое мусаллам беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ дар муҳоҷирати меҳнатианд ва ё кору зиндагӣ менамоянд. Бигӯед, ки дар кадом давлатҳо участкаҳои интихоботӣ ва нуқтаҳои райъдиҳӣ ташкил карда мешаванд? Дар 17 давлате, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии дипломатии худро дорад, участкаҳои интихоботӣ ва нуқтаҳои овоздиҳӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск, Самара, Волгоград, Кемерево, Перм, Екатирнбург (Федератсияи Русия), Минск (Белорус), Алмато (Қазоқистон), Ашқобод (Туркманистон), Тошкент (Ӯзбекистон), Бишкек (Қирғизистон), Берлин (Олмон), Теҳрон (Эрон), Анқара (Туркия), Исломобод (Покистон), Пекин (Чин), Брюссел (Белгия), Кобул, Мазори Шариф (Афғонистон, инчунин дар намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (Ню-Йорк ва Вашингтон) ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (Вена) участкаҳои интихоботӣ ташкил карда мешаванд. Участкаҳои интихоботии зикргардида ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дохил мешаванд. Таъмини ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ бо таҷҳизотҳои зурурӣ, дастурамал ва дигар ҳуҷчатҳо дар кадом сатҳ аст? Гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми ҳавзаю участкаҳои интихоботии кишвар бо қуттиҳои шаффоф, даструамал ва дигар ашёҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Варақаҳои махсуси райъдиҳӣ (блютенҳо) нашр ва ба интихобкунандагон фиристонида мешаванд. Ҷиҳати омода намудани мардум ба маъракаи муҳими сиёсӣ чорабиниҳои таблиғотӣ гузаронида мешаванд? Барои омода намудани мардум ба интихоботи парлумонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Фонди байналмилалии системаҳои интихоботӣ ва намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон семинару мизи мудаввар ва тренингҳои омӯзишӣ барои кормандони ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ, интихобкунандагон ва шинос намудани онҳо бо дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба баргузории интихобот доир намуда истодаанд.Чунин як чорабинӣ дар моҳи декабр бо иқдоми Хазинаи олмонии ба номи Фридрих Эбберт дар мавзӯи «Васоити ахбори омма ва ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ» барои намояндагони ВАО гузаронида шуда буд. Дар мавриди арзу шикоят оё ягон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст? Бале, дар Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ вобаста ба арзу шикоят, ки роҳбараш Мизроб Кабиров мебошад, таъсис дода шудааст. Ин гурӯҳи корӣ дар мавриди ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ ворид гардидани ягон арзу шикоят онро баррасӣ намуда, аз паи роҳи ҳаллаш мешаванд. Яке аз самтҳои асосии инъикоси ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот ба фаъолияти васоити ахбори омма марбут аст. Дар ин самт дар Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ чӣ тадбирҳо андешида шудаат? Дар Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ ҷиҳати омодагӣ ва баргузории интихобот маркази иттилоот таъсис дода шудааст, ки роҳбарии онро муовини аввали Раиси Кумитаи телевизон ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ӯҳда дорад. Тамоми ахбори вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ тавассути сайти интернетии www. tuj.tj ки дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил карда шудааст, пешкаши ҷомеа гардонида мешавад. Шаффофияти баргузории интихоботи парлумонии соли 2010-ро дар чӣ мебинед? Шаффофияти баргузории интихобот ин пеш аз ҳама фароҳам будани шароит ва фазои мусоиди сиёсию интихоботӣ дар Тоҷикистон ва иштироки фаъоли тамоми аҳзоби сиёсии кишвар аст. Умед аст, ки интихобот дар фазои озод шаффоф ва кушод гузаронида хоҳад шуд. Ягон маҳдудият дида намешавад. Шукри Худованд сарзамини Тоҷикистон тинҷу ором аст. Ҳар шаҳрванде, ки синнаш ба райъдиҳӣ, яъне ба 18 расидааст, ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро дорад. Ҳар шаҳрванд имкон дорад ба номзади арзандаи худ райъ диҳад ва намояндаи худро дар парлумони кишвар интихоб намояд. Тавре зикр кардам дар интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон нозирони байналмилалию миллӣ ва васоити ахбори омма ширкат мекунанд. Ва шаффофияти баргузории интихоботро муайян месозанд. Мутмаинам, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд ба таври озоду шаффоф ва дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»