МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ

Январь 15, 2010 16:16

                  Хатлон, 15 январ. (АМИТ "Ховар", Беков Юсуфбек).- 14 январи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа маҷлиси навбатӣ гузаронида шуда, дар он ҷамбасти натиҷаҳои тараққиёти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2009 ва вазифаҳо барои соли 2010 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа раиси шаҳри Қурғонтеппа Самиев Шариф Ҳомидович, муовини раиси вилояти Хатлон Ҳакимов Руҳулло Ғаниевич, мушовири давлатии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Ҷаборов Одилҷон Абдулқаҳорович ва намояндаи Ҳукумати ҷумхурӣ Сафаров Муҳибалӣ Маҳмадалиевич иштирок доштанд.                      Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ раиси шаҳр Самиев Ш. кушода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, сипас муовини аввали раиси шаҳр Бобохонов Абдулло бо маьрӯза баромад намуд.                    Дар охир раиси шаҳри Қурғонтеппа Самиев Ш.Х оиди харидории саҳмияҳои НОБ "Роғун" ва иҷрои обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо даьват ба амал оварда ,гуфт, ки корҳоро дар ин самт ҳарчи тезтар ҷойнок бояд намуд.

Январь 15, 2010 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд