МАҶЛИСИ ШӮРОИ НАМОЯНДАГОНИ ДВЛАТҲОИ ИДМ

Январь 29, 2010 11:03

Минск,  29 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). – Субҳи  имрӯз  дар  Минск  маҷлиси  навбатии  Шӯрои  намояндагони  доимии  ваколатдори  давлатҳои  ИДМ   кушода  шуд.  Дар  маҷлис  масъалаҳои  фаъолияти  Шӯрои байнидавлатии  геодезия,  харитасозӣ,  кадастр ва таҳқиқи  қитъаҳои  алоҳидаи  Замин   муҳокима  карда  мешавад. Аъзои  Шӯро инчунин  лоиҳаи  рӯзномаи  маҷлиси  Шӯрои  вазирони   корҳои  хориҷиро  мавриди  баррасӣ  қарор  медиҳанд. Баъдан   пешниҳодҳо  ба  лоиҳаи  рӯзномаи  маҷлиси  навбатии  Шӯрои  сарони  ҳукуматҳои  ИДМ  баррасӣ  карда хоҳад шуд. Маҷлиси  Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷии  мамлакатҳои  ИДМ  24  март  дар  Маскав   баргузор  мегардад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  ҳамин  маҷлис  роҳбари гурӯҳи  нозирони  мамлакатҳои  ИДМ   дар  интихоботи   вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб  карда  мешавад. Дар маҷлис намояндаи  доимии Тоҷикистон  дар  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ,  сафири   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Белорусия  Қозидавлат Қоимдодов  иштирок дорад.

Январь 29, 2010 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад