«МУҲАББАТ» СӮХТ
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 20 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 47 ҳазору 445 сомонӣ ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев, масоҳати умумии сӯхторҳо 888 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 4, вилояти Хатлон – 7, ВМКБ – 1, шаҳри Душанбе – 2, ноҳияҳои Турсунзода ва Ҳисор — 1, Файзобод – 2 ва Роғун 2 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 28 январ дар ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд дар ошхонаи «Муҳаббат» ҷои баргузории тӯю маъракаҳо, ки ба Фароғат Камолова тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад. Алангаи оташ дар масоҳати 40 метри мураббаъ паҳн шуда, болопӯши ошхонаро сӯхта нобуд кард. Бо қабули бонги хатар 2 адад автомашинаи оташнишонони қисми 22 ноҳияи мазкур ба зудӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд. Сабаби ба амал омадани сӯхтор беэҳтиётона истифода бурдани гази моеъ мебошад. Гунаҳкори сар задании сӯхтор корманди ошхона Насиба Султонова дониста шудааст. Зарари аз сӯхтори ба амал омада маблағи 3 ҳазору 200 сомониро дарбар мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






