МУЛОҚОТИ Н.БОРДЮЖА БО МУНШИИ УМУМИИ СММ

Январь 15, 2010 10:16

                   Маскав, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 13 январ дар Ню — Йорк маҷлиси Шӯрои амнияти СММ баргузор гардид. Дар он масъалаи вусъат додани ҳамкории СММ бо созмонҳои дигари байналхалқию минтақавӣ барои ҳалли проблемаҳои таъмини амният муҳокима шуданд.                    Дар маҷлис Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа иштирок дошт ва сухан кард.                   Н.Бордюжа ба иштирокчиёни маҷлис хабар дод, ки СААД барои таъмини амният дар минтақаи таҳти масъулияташ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Вақтҳои охир дар бораи ташкил намудани нерӯи самарабахши зиддибӯҳронии созмон қарор қабул карда шуд. Барои ин аз қисмҳои беҳтарини ҳарбии давлатҳои аъзои созмон Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ ташкил карда шуданд. Инчунин барои ба роҳ андохтани фаъолияти ҳимояи сулҳ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Н.Бордюжа дар Ню — Йорок бо Муншии умумии СММ Пан Ги Мун мулоқот кард. Дар ин мулоқот намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин ва муовини муншии умумии СММ дар масъалаҳои сиёсӣ Линно Паско иштирок доштанд.                     Н.Бордюжа ба мусоҳибонаш дар бораи натиҷаҳои фаъолияти СААД дар соли 2009 ва нақшаҳои соли 2010 маълумоти муфассал дод. 

Январь 15, 2010 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд