МУЛОҚОТИ О.ОҚИЛОВ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КОРХОНАИ «БЕЛАЗ»

Январь 14, 2010 10:38

                  Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов 13 январ дар Душанбе бо директори генералии корхонаи мошинсозии «БелАЗ» Пётр Пархомчик мулоқот кард.                   Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба фиристодани мошинҳои калонҳаҷми боркаши «БелАЗ» ба муассисаҳои сохташавандаи Тоҷикистон, аз ҷумла НБО «Роғун» муҳокима шуданд.                     Қайд карда шуд, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон марказҳои тармим ва хизматрасонии мошинҳои «БелАЗ» кушода мешаванд. Илова бар ин мутахассисони белорус дар Тоҷикистон барои ронандагони мошинҳои «БелАЗ» курсҳои ронандагӣ мекушоянд.                     П. Пархомчик ба сатҳи имрӯзаи ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳодияи истеҳсолии «БелАЗ» баҳои баланд дод.

Январь 14, 2010 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд