МУЛОҚОТИ РОҲИОҲАНЧИЁНИ ИДМ ВА БАЛТИЯ

Январь 30, 2010 11:47

Железногорск,  30 январ. (АМИТ «Ховар» курсвеб.ру). —  Мувофиқи  карори  Шӯрои нақлиёти  роҳи оҳани   давлатҳои  ИДМ ва  Балтия аз 27 то 29 январ  дар  шаҳри  Железногорски вилояти  Курск  дар  заминаи  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Вагонмаш»  маҷлиси  комиссияи  мутахассисони   ваколатдори  корхонаҳои  вагонсозии  Русия, Озарбойҷон,  Арманистон, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдавия,  Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина ва  Эстония баргузор  гардид. Дар  маҷлис   бахшида ба  масъалаҳои  таъмини  амнияти  ҳаракати  қатораҳо,  такмилу таҷдиди  техникаи  роҳи  оҳан,  нигоҳубини  қатораҳо  ва  истифодаи  самарабахши онҳо  тақрибан  54  масъала  муҳокима  карда шуд. Маҷлиси ояндаи   Шӯрои  мазкур дар  яке  аз  мамлакатҳои  соҳили  Балтика  гузаронида  мешавад.

Январь 30, 2010 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд