МУШАКПАРРОНӢ БА СӮИ МАЙДОНИ ҲАВОӢ
Кобул, 21 январ. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). — Силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» 19 январ дар маркази вилояти Нангарҳор — шаҳри Ҷалолобод ба сӯи майдони ҳавоӣ 2 мушаки реактивӣ парронданд. Котиби матбуоти раёсати политсияи вилоят Абдулғафур хабар дод, ки дар натиҷаи мушакпарронӣ касе осеб надидааст. Намояндагони ҷунбиши «Толибон» ба мухбирон хабар доданд, ки бар асари ин амалиёт ба қисмҳои ҳарбии ҳукуматӣ зарари калон расонида шуд. Аз рӯи хабари дигар, кормандони политсия дар вулусволии Хӯгиёни виояти Нангарҳор анбори калони аслиҳаро пайдо намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






