НЕРӮГОҲИ ҚАЙРОҚҚУМ ПУРРА БА КОР ДАРОМАД
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати дар вилояти Суғд будаи «Барқи тоҷик», дар ин рӯзҳо сокинони вилоят аз ҳисоби пурра ба кор даровардани 6 агрегати нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум, ки дар як шабонарӯз беш аз 2 млн.924 кВт соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад ва он баробари 42 фоизи истеҳсоли умумии барқро дар ин вилоят ташкил медиҳад, таъмин мегарданд. Боиси тазаккур аст, ки барои таъмини пурраи аҳолии вилояти Суғд дар як шабонарӯз наздик ба 7 млн. кВт соат нерӯи барқ масраф мегардад. Айни замон 40 фоизи барқ аз ҷануби Тоҷикистон ва 18 фоиз аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба вилояти Суғд интиқол дода мешавад. Сокинони шаҳри Хуҷанд шабонарӯзӣ бо барқ таъминанд, дар ноҳияҳои дигари ин вилоят аз рӯи лимит-(9 соат дар як рӯз) барқ дода мешавад. Танҳо мавриди истифода қарор гирифтани НБО «Роғун» метавонад лимитро нафақат дар вилояти Суғд, балки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барҳам диҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






