НОБОЛИҒОН ТАҲТИ НАЗОРАТАНД
Мӯъминобод, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Мӯъминобод мувофиқи маълумотҳои оморӣ 76809 аҳоли ба қайд гирифта шуда, аз ин 43448 нафарашонро ноболиғон ташкил менамоянд. Мудири бахши ҳуқуқи кӯдакони ноҳия Шаҳло Разоқова вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки то ин ҷониб дар ноҳия 21773 писар ва 21673 духтарони ноболиғ мавҷуд мебошанд, ки ҳамаи ин шумора таҳти назорати бахш мебошад. Ба гуфтаи ин манбаъ дар ин давра 3 нафар аз қайди ШКД- и ноҳия бароварда шуда, 4 нафари дигар, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ ҷиноят содир намудаанд, дар натиҷаи авфи умум аз ҷавобгарӣ озод гардидаанд. Мавриди зикр аст, ки бахши кӯдакони ноҳия дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, интернати ятимону бепарасторон, мактаби бачагонаи варзишӣ, ҷамоати шаҳраки Ленинград, ҷамоатҳои деҳоти Кулчашма, Чилдухтарон, Боғгаӣ, Деҳибаланд, Туту ба 7200 нафар ноболиғон, омӯзгорон, волидон ва дигар кормандони масъули бо кӯдак сару кор дошта, сӯҳбату вохӯриҳо оиди шароитҳои зист , таълиму тарбия дар мактабҳо, муносибатҳои волидону омӯзгорон ба ноболиғон , пешгирии қонуншиканиҳо дар байни ноболиғон гузаронид. Бахши мазкур то ин ҷониб байни кӯдакони ноболиғ, падару модарон ва вакилони маҳаллаҳо 14 маротиба сӯҳбату вохӯриҳо гузаронид, ки дар он масъалаҳои гуногуни ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






