ПАХТАИ ТОҶИКИСТОН – СТАНДАРТИ ИМА

Январь 18, 2010 15:21

                  Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 6 стандарти пахтаи Департаменти хоҷагии қишлоқи ИМА ба реестри давлатии ҳуҷҷатҳои меъёрии Тоҷикистон дохил ва базаи меъёрии онҳо ташкил карда шуд.                    Дар маркази матбуоти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар соли 2009 барои гузаронидани санҷиш ва сертификатсияи нахи пахта ду дастгоҳи Микронейр ва ду комплекти эталон-намунаҳои нахи пахта аз рӯи стандарти байналмилалии Департаменти хоҷагии қишлоқи ИМА харидорӣ шуда, ҳуҷраҳои классёрӣ омода карда шудаанд.                      Гуфтанист, ки ин тасмим бо мақсади иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006 «Дар бораи масъалаҳои гузаштан ба стандарти байналмилалии пахта» роҳандозӣ гардидааст.                      Мавриди ёдоварист, ки дар соли 2009 мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» нисбати 36660,75 тонна маҳсулоти пахта ва пилла корҳои сертификатсиониро анҷом дода, дар гузаронидани корҳои ваколатдиҳии 40 корхонаи пахтатозакунӣ иштирок карданд.

Январь 18, 2010 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд