ПРЕЗИДЕНТ БА САВОЛҲОИ ХАБАРНИГОРОН ПОСУХ ДОД

Январь 13, 2010 16:54

                  Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Ба мақсади дар сатҳи баланди илмӣ ва ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешид. Аз ҷумла, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 феврали соли 2009 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» конференсияи илмӣ таҳти унвони «Имом Абӯҳанифа ва гуфтугӯи тамаддунҳо» баргузор шуд, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва маърӯза кард», — гуфт 13 январ, зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои ҶТ Мамадшо Илолов.                       Ӯ зикр намуд, ки муҳимтарин ҳодисаи илмиву фарҳангие, ки дар доираи ин чорабиниҳо ба вуқуъ омад, Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» мебошад, ки дар кори онбеш аз 500 нафар меҳмонони хориҷиву дохилӣ аз 50 кишвари олам ширкат намуданд.                      Тадбири муҳими дигаре, ки дар ин давра амалӣ гардид, баргузории Конференсияи байналмилалии илмиву амалии «Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ» буд, ки 28-30 сентябри соли 2009 дар се бахши илмӣ фаъолият намуд. Дар кори конференсия олимон ва мутахассисони соҳа аз ҷумҳурӣ ва ҳамчунин ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Исроил, 110 нафар иштирок намуданд. Дар баёнияи конференсия оид ба истифодаи самаранок ва оқилонаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ пешниҳодҳои судманд, аз ҷумла ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии истифодаи ин манбаъҳо, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотии муштарак бо истифодаи технологияҳои пешрафта, коркарди стратегияи ягонаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ, бо назардошти шароити иҷтимоиву иқтисодии ҳар як чумҳурӣ, таҳияи Барномаи муштараки таӣёр кардани мутахассисони соҳа дар чумҳуриҳои Осиёи Миёна ва монанди инҳо тавсия карда шуданд.                     Дар фарҷом М. Илолов роҷеъ ба паҳлӯҳои дигари фаъолияти Академияи илмҳо дар соли 2009 ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дод. 

Январь 13, 2010 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад