РАДДИЯИ НАМОЯНДАГИИ ВКД ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират хабари чанд рӯз пеш дар воситаҳои ахбори оммавӣ чопшударо дар бораи вафот кардани чор нафар коргари муҳоҷири тоҷик дар вилояти Маскав дар натиҷаи истеъмоли машруботи қалбакӣ рад менамояд. Котиби матбуоти намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия Дилбар Хоҷаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки кормандони намояндагӣ ҳамроҳи мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи вилояти Маскав ҷараёни воқеаро ҳамаҷониба таҳқиқ намуданд. Дар натиҷа муқаррар карда шуд, ки 26 январи соли равон дар яке аз сохтмонҳои деҳкадаи Путилковои ноҳияи Красногорскии вилояти Маскав чор ҷасад ёфт шуд. Шахсони ҳалокшуда шаҳрвандони Федератсияи Русия мебошанд, ки аз Чувашистон барои мардикорӣ ба вилояти Маскав омадаанд. Маълум карда шуд, ки ду нафар коргар дар ҷои воқеа ҳалок шудааст, ду нафари дигар ба шифохона фиристода шуд. Як нафари онҳо дар шифохона вафот кард. Котиби матбуоти Раёсати корҳои дохилии шаҳри Красногорск Оксана Шляхтина зикр намуд, ки коргарон дар натиҷаи истеъмоли машруботи қалбакӣ вафот кардаанд. Сабаби вафоти онҳо таъсири моддаи химиявии метанол мебошад, ки дар таркиби машрубот мавҷуд буд, гуфт О.Шляхтина.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






