РАДДИЯИ НАМОЯНДАГИИ ВКД ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ

Январь 29, 2010 11:29

Душанбе,  29 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Намояндагии  Вазорати  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  оид ба  масъалаҳои  муҳоҷират хабари  чанд  рӯз  пеш  дар  воситаҳои  ахбори оммавӣ  чопшударо  дар  бораи  вафот  кардани  чор  нафар  коргари  муҳоҷири  тоҷик  дар  вилояти  Маскав  дар  натиҷаи  истеъмоли машруботи  қалбакӣ  рад  менамояд. Котиби  матбуоти  намояндагии  ВКД  Тоҷикистон  дар  Русия  Дилбар  Хоҷаева ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  кормандони  намояндагӣ  ҳамроҳи  мақомоти  муҳофизи  қонуну  тартиботи   вилояти  Маскав  ҷараёни  воқеаро  ҳамаҷониба  таҳқиқ  намуданд.  Дар  натиҷа  муқаррар  карда  шуд, ки  26 январи  соли равон  дар  яке  аз  сохтмонҳои  деҳкадаи  Путилковои  ноҳияи  Красногорскии  вилояти  Маскав  чор  ҷасад  ёфт  шуд. Шахсони  ҳалокшуда  шаҳрвандони  Федератсияи  Русия  мебошанд, ки  аз  Чувашистон  барои  мардикорӣ  ба  вилояти  Маскав  омадаанд. Маълум  карда шуд, ки  ду  нафар  коргар  дар  ҷои  воқеа  ҳалок  шудааст,  ду нафари  дигар  ба  шифохона  фиристода  шуд. Як нафари онҳо дар  шифохона  вафот  кард. Котиби  матбуоти  Раёсати  корҳои  дохилии   шаҳри  Красногорск  Оксана  Шляхтина   зикр  намуд, ки  коргарон  дар  натиҷаи  истеъмоли  машруботи  қалбакӣ  вафот  кардаанд. Сабаби  вафоти онҳо  таъсири  моддаи  химиявии   метанол  мебошад, ки  дар  таркиби  машрубот  мавҷуд  буд,  гуфт  О.Шляхтина.

Январь 29, 2010 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид