СӮХТОР ДАР ТЕАТР

Январь 22, 2010 12:27

                  Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Шабонарӯзи 22 январи соли ҷорӣ аз тарафи посбони театри давлатии русӣ-драмавӣ ба номи В. Маяковский ба шӯъбаи оташнишонии 01 хабар дода шуд.                   Ҳангоми ба ҷои ҳодиса расидани гурӯҳи оташнишонӣ, болопӯши анбори ороиш ва утоқҳои либоспӯшии кормандони театри мазкур дар масоҳати 250 метри мураббаъ оташ фаро гирифт.                    Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев, сӯхторро 61 нафар кормандони сӯхторхомӯшкунӣ бо 8 адад мошини оташнишонӣ дар муддати 30 дақиқа хомӯш намуданд.                     Нисбати ин ҳодиса шӯъбаи тафтишоти ХДО сабаб ва зарари сӯхторро муайян мекунад. 

Январь 22, 2010 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад