СӮХТОРИ «САФИНА» — РО ПИНҲОН КАРДАНД
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» яке аз корманди масъули ХДО – и ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ дод, 20 январи соли равон дар маркази тиҷоратии «Сафина» дар дӯкони заргарӣ, ки ба Ҳошим Маҳмадиев тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад. Тавре шоҳиди ҳодиса нақл кард, алангаи оташ дар масоҳати 18 метри мураббаъ болопӯш ва як қисми молу амволи дӯконро сӯхта нобуд гардонид. Ҳамчунин, се корманди дӯкон Абдуқаҳор Нуров, Ҷобир Одинаев ва Саидҷаъфар Мадиев ҷароҳат бардошта аз 20 то 30 фоиз бадани онҳо сӯхтааст. Инчунин ӯ қайд кард, ки шахсони мутасаддӣ кӯшиш доранд ин ҳодисаи нохушро рӯпӯш кунанд. Сабаб, зарар ва гунаҳкори сӯхтор маълум нест.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






