САҲМИ ЗАНОН ДАР СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо кӯмаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Рашт, Нуробод, Ёвон ва Турсунзода чанд рӯз пеш миқдори муайяни маводи озуқа, либоси гарм ва дору харида, ба бинокорони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун тӯҳфа кард. Инчунин кормандони кумита баъди муроҷиати Президенти чумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мамлакат дар бораи тезонидани суръати сохтмони нерӯгоҳ ва харидани саҳмияҳои он ба маблағи бештар аз 150 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро хариданд.