САБАБИ БОЛОРАВИИ НАРХИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ
Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти таҳлилии Кумитаи давлатии омор, дар моҳҳои ноябр – декабри соли 2009 индекси нархҳои истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти саноатӣ 102,3 фоизро ташкил дод, ки ин бо сабаби баландравии нархи маҳсулоти саноати сабук – 8,8 фоиз, металлургияи ранга 2,0 фоиз, саноати сӯзишворӣ — 0,3 ва саноати хӯрокворӣ 0,2 фоиз ба миён омадааст. Зимнан, пастравии нарх дар саноати мошинсозӣ 3,5 фоиз ва масолеҳи сохтмонӣ 1,9 фоиз ба қайд гирифта шудааст. Афзоиши нархи маҳсулоти саноати сабук ба қиматшавии нархи маҳсулоти саноати пахтатозакунӣ 10,9 фоиз ва саноати кешбофӣ 0,4 фоиз вобаста аст. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, аз аввали соли 2009 индекси нархҳои истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти саноатӣ 138,9 фоизро ташкил додааст, ки бо сабаби қиматшавии нархи маҳсулоти саноати металлургияи ранга – 65,7 фоиз, қувваи барқ – 49,6, саноати сабук – 49,2, саноати кимиёвӣ 28,6, саноати мошинсозӣ — 15,2, саноати сӯзишворӣ — 10,4 ва саноати масолеҳи сохтмон – 6,7 фоиз ба амал омадааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






