САЛАФИЁН БО ТОЛИБОН МУТТҲИД ШУДАНД
Кобул, 12 январ. (АМИТ «Ховар» — исламнюс.ру). – Созмони калонтарини ҳарбикунонидашудаи салафиёни Афғонистон, ки вилоятҳои Кунор ва Нуристонро таҳти назорати худ гирифта буд, чанд рӯз пеш бо ҷунбиши «Толибон» муттаҳид гардид. Ҷунбиши салафиёни Афғонистон инчунин бо номи «Ҷамъияти пайравони Қуръон ва Суннат» машҳур мебошад. Намояндаи ҷунбиши «Толибон» хабар дод, ки роҳбарони созмони салафиёни Афғонистон дар ҳузури пешвои ҷунбиши «Толибон» Муллоумар савганд ёд карда, расман ба ҳайати «Толибон» ворид гардид. Созмони салафиён дар Афғонистон аз солҳои ҳуҷуми артиши шӯравӣ ба ин мамлакат фаъолият дорад. Телевизиони «Аларабия» зикр мекунад, ки муттаҳид гардидани салафиён ва «Толибон» дар бораи бартараф гардидани ихтилофоти идеологии онҳо шаҳодат медиҳад. Муттаҳид гардидани ҳар ду созмони террористӣ мавқеи мухолифони ҳукумати Афғонистонро боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад сохт. Ин ба фаъолияти нерӯҳои низомии ИМА дар Афғонистон низ таъсири манфӣ расонда метавонад. Ҷамъияти тарафдорони Қуръон ва Суннат аввали солҳои 90 – уми асри гузашта ҳамчун ташкилоти таблиғотӣ таъсис ёфта буд. Муассиси он олими афғон шайх Ҷамил Раҳмон мебошад, ки дар Покистон маълумоти олӣ ба даст овардааст. Ҷамил Раҳмон баъди сарнагун гардидани Ҳукумати Наҷибулло дар натиҷаи як амалиёти низомӣ кушта шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






