САЛАФИЁН БО ТОЛИБОН МУТТҲИД ШУДАНД

Январь 12, 2010 10:12

                  Кобул, 12 январ. (АМИТ «Ховар» — исламнюс.ру). – Созмони калонтарини ҳарбикунонидашудаи салафиёни Афғонистон, ки вилоятҳои Кунор ва Нуристонро таҳти назорати худ гирифта буд, чанд рӯз пеш бо ҷунбиши «Толибон» муттаҳид гардид. Ҷунбиши салафиёни Афғонистон инчунин бо номи «Ҷамъияти пайравони Қуръон ва Суннат» машҳур мебошад. Намояндаи ҷунбиши «Толибон» хабар дод, ки роҳбарони созмони салафиёни Афғонистон дар ҳузури пешвои ҷунбиши «Толибон» Муллоумар савганд ёд карда, расман ба ҳайати «Толибон» ворид гардид.                     Созмони салафиён дар Афғонистон аз солҳои ҳуҷуми артиши шӯравӣ ба ин мамлакат фаъолият дорад.                         Телевизиони «Аларабия» зикр мекунад, ки муттаҳид гардидани салафиён ва «Толибон» дар бораи бартараф гардидани ихтилофоти идеологии онҳо шаҳодат медиҳад. Муттаҳид гардидани ҳар ду созмони террористӣ мавқеи мухолифони ҳукумати Афғонистонро боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад сохт. Ин ба фаъолияти нерӯҳои низомии ИМА дар Афғонистон низ таъсири манфӣ расонда метавонад.                       Ҷамъияти тарафдорони Қуръон ва Суннат аввали солҳои 90 – уми асри гузашта ҳамчун ташкилоти таблиғотӣ таъсис ёфта буд. Муассиси он олими афғон шайх Ҷамил Раҳмон мебошад, ки дар Покистон маълумоти олӣ ба даст овардааст. Ҷамил Раҳмон баъди сарнагун гардидани Ҳукумати Наҷибулло дар натиҷаи як амалиёти низомӣ кушта шуда буд.

Январь 12, 2010 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид