«САНГТӮДА – 1» МӮЪТАДИЛ КОР МЕКУНАД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 26 январ гурӯҳи журналистон ба Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» рафт. Директори нерӯгоҳ Владимир Белов бо журналистон сӯҳбат карда, ба саволҳои онҳо ҷавоб дод. Вай зикр намуд, ки нерӯгоҳ то 23 январи соли 2010 – ум 3 миллиард киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол намуд. Саҳми нерӯгоҳ дар истеҳсоли умумии қувваи барқи Тоҷикистон 15 фоизро ташкил медиҳад. В.Белов хабар дод, ки айни ҳол дар обанбори нерӯгоҳ барои баланд бардоштани сатҳи об ва бо иқтидори пурра истифода бурдани нерӯгоҳ тадбирҳо андешида мешаванд. «Сангтӯда – 1» аз рӯи нақша бояд 670 мегаватт қувваи барқ истеҳсол кунад. Қайд карда шуд, ки айни ҳол ду агрегати нерӯгоҳ кор мекунад, тармими агрегати сеюми он рӯзҳои наздик ба охир мерасад. Агрегати чоруми нерӯгоҳ барои эҳтиёт нигоҳ дошта мешавад. В.Белов зикр намуд, ки Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» аз НБО «Сангтӯда – 1» тақрибан 24 миллион доллари ИМА қарздор аст. Тибқи паймони бадастомада маблағи қарз бояд пардохта шавад. Бо сабаби сари вақт напардохтани қарзи мазкур музди кори коргарон дар давоми моҳи ноябр ва семоҳаи сеюми соли 2009 дода нашуда буд, гуфт директор. Айни ҳол дар нерӯгоҳ 140 нафар кор мекунад, ки 70 фоизи онҳо мутахассисони Тоҷикистон мебошанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Сангтӯда – 1» ширкати якҷояи Русия ва Тоҷикистон буда, агрегати нахустини он 20 январи соли 2008 ва агрегати чоруми он моҳи майи соли 2009 ба кор дароварда шуда буд. Нерӯгоҳ охири моҳи июли соли 2009 бо иштироки Президентҳои Тоҷикистон ва Русия ба истифода дода шуд.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






