«САНГТӮДА – 1» МӮЪТАДИЛ КОР МЕКУНАД

Январь 27, 2010 15:51

                  Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 26 январ гурӯҳи журналистон ба Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» рафт. Директори нерӯгоҳ Владимир Белов бо журналистон сӯҳбат карда, ба саволҳои онҳо ҷавоб дод. Вай зикр намуд, ки нерӯгоҳ то 23 январи соли 2010 – ум 3 миллиард киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол намуд. Саҳми нерӯгоҳ дар истеҳсоли умумии қувваи барқи Тоҷикистон 15 фоизро ташкил медиҳад.                     В.Белов хабар дод, ки айни ҳол дар обанбори нерӯгоҳ барои баланд бардоштани сатҳи об ва бо иқтидори пурра истифода бурдани нерӯгоҳ тадбирҳо андешида мешаванд. «Сангтӯда – 1» аз рӯи нақша бояд 670 мегаватт қувваи барқ истеҳсол кунад.                     Қайд карда шуд, ки айни ҳол ду агрегати нерӯгоҳ кор мекунад, тармими агрегати сеюми он рӯзҳои наздик ба охир мерасад. Агрегати чоруми нерӯгоҳ барои эҳтиёт нигоҳ дошта мешавад.                        В.Белов зикр намуд, ки Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» аз НБО «Сангтӯда – 1» тақрибан 24 миллион доллари ИМА қарздор аст. Тибқи паймони бадастомада маблағи қарз бояд пардохта шавад. Бо сабаби сари вақт напардохтани қарзи мазкур музди кори коргарон дар давоми моҳи ноябр ва семоҳаи сеюми соли 2009 дода нашуда буд, гуфт директор.                       Айни ҳол дар нерӯгоҳ 140 нафар кор мекунад, ки 70 фоизи онҳо мутахассисони Тоҷикистон мебошанд.                      Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Сангтӯда – 1» ширкати якҷояи Русия ва Тоҷикистон буда, агрегати нахустини он 20 январи соли 2008 ва агрегати чоруми он моҳи майи соли 2009 ба кор дароварда шуда буд. Нерӯгоҳ охири моҳи июли соли 2009 бо иштироки Президентҳои Тоҷикистон ва Русия ба истифода дода шуд.

Январь 27, 2010 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид