ШАРОИТИ ЗИНДАГИИ БАЧАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД
Хуҷанд, 4 января. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Мудири шӯъбаи котиботи масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи бачагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Аъзамҷон Холмирзоев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки дар вилоят дар давоми 11 моҳи соли 2009 – ум 133 ҷинояти содирнамудаи бачагони ноболиғ ба кайд гирифта шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 – ум 29 ҷиноят кам мебошад. Дар вилоят соли 2009 чор маҷлиси комиссияи ҳуқуқи бачагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарону намояндагони идораҳои дахлдор ширкат варзиданд. Инчунин дар ин давра бо кормандони раёсатҳои маориф, корхои дохилӣ, прокуратура, мактабҳо ва мақомоти маҳаллӣ 20 мулоқот гузаронида шуд. Бо мақсади ошкор намудани риоя нашудани ҳуқуқи бачагон мувофиқи нақша 18 амалиёт баргузор гардид. Комиссияи ҳуқуқи бачагон бо шӯъбаҳои маҳаллии Муассисаи наҷоти атфоли СММ самарабахш ҳамкорӣ мекунад. Соли 2009 дар масъалаи эҳтироми ҳуқуқи бачагон нисбати 36 падару модар парвандаҳои маъмурӣ кушода шуданд. Дар вилоят тӯли соли гузашта 169 писару духтари ба сини мактабӣ расида бо таҳсил фаро гирифта нашуд. Заминаи моддию техникии бисёр марказҳои иловагии маърифат ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳад. Бинобар ин бачагон вақти фароғати худро дар бунгоҳҳои бозии компютерӣ мегузаронанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Тоҷикистон Муоҳидаи СММ – ро дар бораи ҳуқуқи бачагон соли 1993 имзо карда буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2008 «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи бачагон» қарор қабул намуд. Дар асоси қарори мазкур низомномаи фаъолияти комиссияҳои таъмини ҳуқуқи бачагон қабул карда шуд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






